Тоҷикони лагери Маскав гуноҳашонро иқрор кардаанд
Муҳаммад Эгамзод, намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирон дар ноҳияи Голяноваи Маскав дидан карда, бо тоҷикони лагер суҳбат доштааст.
Ба иттилои сафорат дар суҳбат бо дипломат, муҳоҷирони тоҷикистонӣ эътироф намудаанд, ки қоидаҳои ҳузур дар қаламрави Русияро вайрон намудаанд ва ягона хоҳишашон ин будааст, ки ҳар чӣ зудтар ба Ватан истирдод гарданд. Эгамзод фаҳмондааст, ки масъалаи истирдоди онҳо, бо гузашти 10 рӯз аз содир гардидани ҳукми додгоҳ амалӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои сафорат, аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон--Нусратулло Ризвоншоеви 42 сола, сокини ноҳияи Ҷ.Руми, Акбар Валиеви 51 сола, сокини ноҳияи Муминобод, Абдулҳалим Ҳусайнови 38 сола, сокини шаҳри Кулоб, Мирсаид Ганжалови 23 сола, сокини ноҳияи Н.Хусрав, Абдураҳмон Назарови 21 сола, сокини ноҳияи Қумсангир, Фурқат Баҳромови 26 сола, сокини ноҳияи Ҳисор, Исмоил Нурбекови 20 сола, сокини ноҳияи Ҷиликўл, Бахталӣ Қувватови 22 сола, сокини ноҳияи Ёвон, А. Самадови 18 сола, сокини шаҳри Душанбе, Ҷаҳонгир Раҳимови 22 сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар ин лагер нигоҳдорӣ мешуданд, 7 нафарашон ба боздоштгоҳи махсуси шаҳрвандони хориҷӣ интиқол ёфта, дар худи лагер се нафарашон боқӣ мондаанд.
Намояндагии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик аз вазъи саломатияшон шикоят надоранд.