Сомонаи мавриди ҳамлаи хакерҳо қароргирифтаи ВУХ фаъол шуд
Сомонаи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ки мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифта буд, фаъол шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан, оҷонсии АКИpress бо такя ба намояндаҳои ин ниҳод гуфта буд, ки он рӯзи душанбеи 12-уми август фаъол хоҳад шуд.
«Ширкате, ки сомонаи моро гардон мекунад, танҳо рӯзи душанбе ба кор оғоз мекунад. Коркарди сайт аз ҳамлаи хакерҳо осеб надидааст. Ёдовар мешавем, онро аз Туркия «шикастаанд»,-гуфтаанд аз ВУХ.
Ёдовар мешавем, сомона www.mfa.kg рӯзи 9-уми август мавриди ҳамлаи хакерҳо қарор гирифт. Ин гурӯҳ худро "B3YAZ" муаррифӣ ва саҳфаи аслии торнаморо ба саҳфаи худ иваз карда, ба забони туркӣ эъломияеро нашр кардааст. Дар он гуфта мешавад, сабаби чунин ҳамла сарфи назар кардани ҳушдорҳои пешини гурӯҳ будааст. Вале нагуфтаанд, ки ҳушдорҳои пешин чӣ будааст.