Шукронаи ТАППАК! Интихоби дигар ҳам дорем?
Далер Шарифов
Имрӯзҳо қариб дар тамоми мавзуъҳо менависанд, мегӯянд, гила мекунанд, шукрона мекунанд. Хуллас ,Тоҷикистон кишварест, ки сари ҳар қадам метавон матлабе навишт. Аммо мо дар як марҳилае қарор дорем, ки ба кадом мавзуъе даст назанӣ мегӯянд, ки эҳтиёт бош, сол, соли интихоботист. Ба як дӯстам гуфтам дар бораи таппак мехоҳам нависам, гуфт, эҳтиёт бош марҳила, марҳилаи интихоботӣ ва ҳассос аст. Аҷиб таппак ба интихобот чӣ рабте дошта бошад? Сари ин суол хеле андешидам ва бори дигар фикр кардам, ки таппак бисёр чизи муҳим дар зиндагии мардуми мо буда, нақши калидӣ дорад. Аз ин хотир ба ҷанбаҳои гуногуни таппак назар кардам ва дидам, ки мавзуъи таппак феълан ҳассос ба назар мерасад. Мо ҳам бо эҳтиёт чанд андешаи худро дар мавриди таппак рӯи коғаз навиштем, то шумо ҳам аз нақши таппак дар зиндагии мардум огоҳӣ пайдо намоед.
ТАППАК ВА ТАЪРИХ
Дар Тоҷикистон солҳои ахир таърихнависону бостоншиносон хеле фаъол шудаанд. Мавзеъҳои гуногуни аҳди қадимро кашф мекунанд, ки таърихи беш аз дуҳазору ҳафтсад, сеҳазор сола ва панҷҳазорсола доранд. Агар ҳамин хел рафтан гирад шояд дар Тоҷикистон мавзеъҳое пайдо шаванд, ки таърихи беш аз миллионсола дошта бошанд. Ҳар қадаре умри таърих ва пайдоиши фарҳангу тамаддуни тоҷики қадимтар шудан гирад арзиши таърихии таппак ҳам болотар шудан мегирад. Зеро дар ҳама тамаддунҳое, ки пайдо мешавад, мегӯянд чорводорӣ дар он тамаддун нақши муҳим доштааст. Пас, ҷое ки чорво ҳаст онҷо ҳатман таппак ҳам ҳаст. Шояд дар аҳди қадим таппак бо номҳои дигар вуҷуд дошта бошад. Ин бар дӯши олимони соҳа аст, ки номи таърихии таппакро аз умқи таърих кофта ёбанд. Ва бостоншиносону таърихнигорони мо ҳатман ба ин қодиранд. Онҳо тавони кашфи таърихи панҷ шаш ҳазорсоларо доранд. Як номи қадимаи тапак барои онҳо ёфтанаш ҳеч мушкил надорад.
ТАППАК ВА ИЛМ
Асри 21-ро асри илму технология унвон мекунанд.Ин ҳарфҳоро ҳамарӯза инҷову онҷо аз забонӣ донишмандону олимони тоҷик мешунавем. Ҳатто як деҳқони тоҷик ҳам ин ҷумларо такрор ба такрор мегӯяд. Аммо барои мо на илми қайҳон лозим асту на нанотехнология.Чӣ лозим майнаҳоро азоб додан. Мо бояд бештар ҷанбаҳои илмии таппакро омӯзем. Ва муайян кунем, ки таркиби таппак аз чӣ маводҳое иборат аст ва чи қадар мумкин аст иқтидори гармидиҳии таппакро боло бурдан, то дар зимистон аз газу барқи зараровар даст кашида, таппаки аз ҷиҳати экологӣ тозаро мардум истифода кунанд. Агар институтҳои илмии мо ба ин қудраташон нарасад, метавонем аз кӯмаки бародарони хитоӣ истифода кунем. Онҳо ҳатман ба мо кӯмак мекунанд, зеро чандтояшон алакай ба мо домод шудаанд. Хуллас, олимони соҳаи илм бояд ба масъалаи таппак ҷиддӣ машғул шаванд.
ТАППАК ВА ИҚТИСОД
Дар шароити феълӣ ҷаҳонро буҳронҳои шадиди моливу иқтисодӣ таҳдид мекунад. Рӯз то рӯз муборизаҳо барои аз худ кардани захираҳои нафту газ шадид мешавад. Зеро дар шароити имрӯза таъинкунанда ҳама гуна иқтисод, ин маводҳои сузишворӣ ва захираҳои он ба шумор меравад. Мо мардуми тоҷик дар ҷаҳон чӣ мегузарад аслан парво надорем. Мо ҳеч гоҳ ғами нафту газро намехӯрем ва хушбахттарин мардуми сайёра ҳастем, аз субҳ то шом мерақсему месароем ва шукрона мекунем. Медонед чаро? Чунки мо таппак дорем. Ва шукронаи ана ҳамин таппак, ки иқтисоди мо қавию мардум ғами сӯзишворӣ дар сарашон нест. Замоне шояд нафту газ тамом шавад аммо таппаки тоҷикӣ боқӣ хоҳад монд. Агар фарзан талаботи мардуми тоҷик дар як сол 120 миллион таппакро ташкил диҳад пас инҷо садҳо корхонаву ҳазорон коргар кор мекунад. Боз мо ношукрӣ карда доим мегӯем, ки ҷойи кор нест. Иқтисоддонҳо метавонанд инро ҳисобу китоб кунанд ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ки дар як сол чиқадар мардум ба таппаккунӣ машғул асту чӣ қадар тапак истеҳсол мешавад. Ҳамаи инро банду баст карда шояд эълон кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳазорҳо ҷои кори холии нав пайдо шудааст. Агар истеҳсолро мо дар ин самт боло барем, метавонем маҳсулоти сузишвории навъи таппакро ба кишварҳои хориҷӣ пешниҳод кунем. Ва ҳамасола миллион таппакро ба хориҷи кишвар ба фурӯш барорем. Ин ягона мавод ва муаррификунандаи иқтисод ва истеҳсоли мо дар ҷаҳон мешавад. Бахотири рушди соҳаи истеҳсоли таппак мо метавонем аз мутахасисони чиноӣ истифода кунем ва технологияе ворид кунем ки говҳои мо дар як рӯз ба ҷои дубор ахлот кардан, панҷ- шашбор ахлот кунанд ва дар натиҷа истеҳсоли таппак ба маротиб зиёд мешавад.
ТАППАК ВА АНДОЗ
Бисёре аз соҳибкорон аз Кодекси нави андоз, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон мебошад, гила доранд, ки тибқи ин кодекс онҳо андози кам месупоранд. Соҳибкорон, ки ватанашонро беҳаду андоза дӯст медоранд, мехоҳанд ин кодекси андоз аз нав дида баромада шаваду андозҳо боз ҳам баландтар бардошта шаванд. Аммо ман ба ин кодекс як эрод дорам. Ҳарчанд, ки ман онро мутолиа кардам дар онҷо аз таппак ягон намуди андоз пешбинӣ нашудааст. Тасаввур кунед, агар аз 120 миллион таппак солона як сомонӣ истеҳсолкунандагони таппак ба буҷаи кишвар супоранд, пас ин 120 милион сомонӣ мешавад. Бубинед чиқадар пул ба буҷети давлат ворид мегардад. Аз ин ҳисоб як кумита оид ба таппак ва истехсолу дурнамои он ташкил дода шавад.То андозҳои ҷамъшуда ақалан 50 фоизаш бидуни ягон камбудӣ ба буҷаи мамлакат ворид гардад.
ТАППАК ВА ҲИЗБ
Чанд моҳи ахири шуури сиёсии мардуми тоҷик яку якбора боло рафт. Ҳама таҳлилгару ҳама сиёсатдон ва ҳуқуқшинос шуданд. Мардум акнун дарк кардааст, ки барои онҳо кадом ҳизб лозим асту кадомаш не. Дар ҷомеае, ки 99 фоизаш мусалмон аст, ҳизби коммунистӣ даркор, ҳизби демократӣ даркор, аммо ҳизби исломӣ не. Воқеан, мардуми мо бедор шуд, офарин, чаро? Чун ки мардуми мусалмони тоҷик дид, ки телевизионҳои давлатӣ соатҳо дар моҳи рамазон ва ғайри он барномаҳои исломӣ пахш мекунанд. Духтарону заноне, ки ҳичоб пӯшидан мехоҳанд ҳеч мушкиле надоранд, дар донишгоҳҳову мактабҳо озодӣ барои пӯшиши исломӣ. Фарзандонашон дар макотиби миёна ва донишгоҳҳои олии кишвар дарси Қуръону ҳадис мехонанд. Тамоми масъалаҳои зиндагиашон вобаста ба ақидаҳои диниашон ҳал мешавад. Хулас, ягон проблемаи динӣ дигар вуҷуд надорад. Вақте мардум ин ҳамаро бо чашми сари худашон диданд, воқеан гуфтанд ки дигар ҳизби исломӣ ба мо чӣ даркор. Офарин ба мардуми огоҳу сарбаланду мусалмони тоҷик. Аммо ман мегӯям ки барои мо ҳизби таппак лозим аст. Номаш ҳам хатар надораду худаш ҳам. Аз ҳисоби занону хоҳароне, ки дар фасли гарми тобистон ба истеҳсоли таппак машғуланд, бояд як ҳизби таппак ташкил кард. Фақат ин корро баъди интихобот кардан лозим. То ин ки роҳбари ҳизби таппак дар кунҷи кадом оғиле бо саргини гов омехта шуда наравад. Ва ташкили ҳизби таппакро аз тариқи ТВ эълон карда, дар муҳокимаи оммаи мардум бигзорем. Мардуми мо, ки шуури сиёсӣ ва хештаншиносиашон боло рафтааст, ҳатман дар ин мавзӯъ гуфтаниҳое доранд. Ва як барноме бо номи «Т+Т» ташкил кардан даркор.
ТАППАК ВА РУҲОНИЯТ
Имрӯз нақши рӯҳоният дар давлату давлатдории мо ҷойгоҳи махсус дорад. Руҳониёни мо аз оби ҳазорсола бедор шудаву ба ҳамкории давлат пайвастанд, офарин бар руҳониёни мо! Онҳо нав фаҳмиданд, ки дин аз давлат ҷудо набудааст. То имрӯз дур-дур аз атрофи давлат мегаштанд. Чун диданд, ки дар кишвар беадолативу фасодкорӣ ва бадаҳлоқиву бе масъулиятии баъзе шаҳрвандон зиёд шуд, онҳо ба кумаки миллату давлат ва аз ҳама бештар ҳукумат шитофтанд. Аввалин кори «хайре», ки карданд ба мардуми мусалмони кишвар фаҳмонданд, ки ислом ҳизб надорад. Ва онҳо тамоми мазҳабу равия ва ҳизбу созмонҳои исломиро сарфи назар карда, дар чанд соате исбот карданд, ки бояд дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ набошад. Давлат ин ғамхорӣ ва «масъулиятшиносӣ»-и руҳониёнро дида ба қисме аз онҳо ваъда кард, ки ба онҳо аз ҳисоби давлат маош таъин мекунад. Воқеан, чунин руҳониёни «бо тақво» «масъулиятшинос» «худотарс» дар ҳеч кишвари дигар вуҷуд надорад. Ман ба илм ва фатвои эшон «боварӣ» дорам. Аз ин хотир Шӯрои уламо ва рӯҳониён якҷоя шуда, дар мавриди таппак фатвое содир кунанд, ки чи миқдораш либоси одамонро бенамоз мекунад ва чӣ қадараш не. Дуди таппак оё рӯзаро мешиканад ё не. Ва инчунин таъомҳое, ки бо оташи таппак пухта мешавад, чӣ ҳукм доранд. Агар чунин фатво содир карданд, пас ин хидмати бузурге дар илми фатвои муосир хоҳад шуд. Фақат як хоҳиш дорам, ки баъди чанд вақте нашавад, ки пешниҳод кунанд то номи таппак аз ҳизб гирифта шавад.Чун таппакро бо ҳеч номи дигар иваз карда намешавад.
ТАППАК ВА ЗИЁӢ
Зиёиён пешбарандаи ҷомеа, нури чароғ ва гармии ҳар кишваранд. Ин ҷумларо ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна борҳо шунидаем. Имрӯз баъзе нафарон аз зиёиён норизоянду зиёиён аз баъзеи дигарон. Ман ба ин кор надорам, кӣ аз кӣ норизо аст. Аммо рости ман аз зиёиён на нурро дидаму на гармӣ. Вале борҳо дидаам, ки таппак нуру гармӣ дорад. Ман аслан таппакро бо зиёӣ муқоиса намекунам.Чун зиёӣ исми ҷондор асту таппак исми беҷон. Яъне байни ин ду фарқ аз замин то осмон аст. Аҷиб ин аст, ки гоҳо исми ҷондор на нур дораду на гармӣ, исми беҷон мисли таппак аз худ рӯшноиву гармӣ медиҳад ва мардум аз он манфиат мебаранд. Бибиям мегуфтанд, ки аз баъзе вазир панҷ дона таппак манфиаташ бештар аст.
ТАППАК ВА ИНТИХОБ
Агар дар Тоҷикистон гап сари интихоб равад мардуми мо аз газу нафту барқ дида таппакро бештар интихоб мекунанд. Чун дар Тоҷикистон ҳатто ангишт ҷойи таппакро гирифта наметавонад. Ба фикрам мардуми мо гумон мекунанд, ки таппак аз лиҳози экологӣ аз нафту газ поктар аст шояд ин сабаб ва ё сабабҳои то ҳол барои мо номаълум бошад, ки мо ба таппак як алоқаи махсус дорем. Баъд як чизи дигар ҳам ҳаст, ки ба ҷуз таппак чизе барои интихоб набошад, табиист, ки мардум таппакро интихоб мекунад. Моро танҳо таппак дар ин бист сол аз сардии зимистон наҷот дод.
ТАППАК ВА ПАРЛУМОН
Бо қабули қонуни махсус таппак бояд сирри давлатӣ эълон шуда, монополия карданаш аз ҷониби шахсони алоҳида ҷиноят ҳисобида шавад. Шояд ин яке аз беҳтарин қонунҳои қабулкардаи парлумони мо шавад. Чаро? Чаро, ки таппак ягона истеҳсоли бузурги маводи сӯхти мо аст, ки нусхаашро то ҳол аз хориҷа наовардаем ё ба хориҷа набурдаем. Тибқи ин қонун тамоми идораву вазоратҳо вазифадор карда шаванд, ки ягон давлати хориҷӣ нусхаи таппаки моро надуздад, он ҳамчун сирри давлатӣ мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад. Агар бародарони хитойии мо бифаҳманд, ки таппак дар зиндагии мо чӣ арзише дорад дар кутоҳтарин фурсат Тоҷикистон пур аз тапаки хитоӣ мешавад. Мисле ки бозори мо пур аз тоқиву шонаи хитоӣ шуд. Ҳадди ақал агар мо натавонем ҳамин таппаки тоҷикиро ҳифз кунем, пас шарманда мешавем. Бигзор хӯрокворӣ, либос , техника, хулоса ҳамачизро биёранд, ба ҷуз таппаки тоҷикӣ. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технология ақалан мо ҳам як истеҳсоли миллии худамонро дошта бошем, ки он дар тамоми қаламравӣ кишвар корфармуда шавад. Феълан ин вазифаро танҳо таппак иҷро мекунад.
ТАППАК ВА КАДУ
Кадуро гарчанде бисёр васф ҳам кунанд, аммо ба таппак баробар шуда наметавонад. Хизмати таппак барои миллати мо ба маротиб аз каду зиёд аст. Маҳз ҳамин тапак аст, ки дар сардиҳо моро наҷот медиҳад. Таппак аст, ки ҳоло дар ҷангалу бешазори мо дарахтон боқист. Агар тӯли ин бист сол таппак намебуд ҳоли каду табоҳ буд. Чи қадар кӯдакон аз сардӣ мефавтитанд.Чанд нафар аз мактаббачагон бо дуди таппак таълим гирифтанд, шояд имрӯз донишҷӯю мутахассисони варзида ҳам шуда бошанд. Хуллас ,каду ба ҳеч ваҷҳ бо таппак баробар шуда наметавонад. Таппак ҳам мисли каду навъҳои гуногун дорад. Таппаки деворӣ, айлоқӣ, кумурӣ, хасак, лар беҳтарин навъи таппакҳо ба ҳисоб мераванд. Агар дар Тоҷикистон як рӯзро рӯзи тапак ҷашн бигирем, мешавад онҷо навъҳои гуногунӣ таппакро ба намоиш гузошт. Вобаста ба хоку боду ҳаво таппакҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Таппаки бадахшӣ, ғармӣ, кулобиву ҳисорӣ, суғдиву зарафшониро ба намоиш гузошта беҳтарини онро таппаки сол бояд эълон кунем. Дар телевизион ба ҷои рақсу суруди зиёд аз ҳаёти таппакчиён барномаву гузоришҳои муфассал омода карда пешкаши мардум кунем, то мардум бифаҳмад, ки телевизион телевизиони мардумӣ аст, на азони каду асту на азони каси дигар. Лекин дар як барнома тарзи омода намудани шӯрбои кадугиро бо истифода аз оташи таппак ҳатман бояд нишон бидиҳем.
МО ВА ТАППАК
Чун дар боло ишора кардам, ки сол соли муҳим ва мавзӯъ мавзӯи ҳассос аст, ба ҳамин иктифо мекунам. Вагарна, ҳоло мо ҷиҳатҳои дигари тапакро нагуфтем. Аммо хонандаи гиромӣ шумо фикр накунед, ки мо то ба сатҳи таппак пойн фаромадем. Мутаассифона, баъзан ба воқеиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз сатҳи таппак ҳам пойинтар аст. Дуруст аст, ки таппак ҷуз саргини гов чизе беш нест. Вале вақте интихоб аз он болотар ё алтернативаи он мавҷуд нест хоҳем нахоҳем дар бораи таппак фикр мекунем. Зиндагиро бо таппак намешавад, ки сохт аммо шумо баъзан маҷбуред, ки бо таппак зиндагӣ кунед. Вақте қудрати харидани ангиштро надоред, вақте газу барқ надоред ҳатман таппак захира мекунед,то дар сардиҳои зимистон худ ва хонадонатонро аз сардӣ наҷот диҳед. Зиҳӣ ҳамаи он модарон ва хоҳароне, ки дар ин гармии тоқатфарсои тобистон ба захираи таппак машғуланд. Кумитаи занон ва оила бояд ба ҳамаи он заноне, ки ба истеҳсол ва захираи тапак машғуланд ҷоиза бидиҳад. Агар вазъ чунин боқӣ монаду зиндагӣ ҳамин тавр идома ёбад пас таппак даҳсолаҳои дигар дар зиндагии мо нақши калидӣ хоҳад дошт.