2 килову 822 грамм маводи мухаддир мусодира гардид
Зимни як амалиёти кормандони милиса қочоқчии нашъа боздошт шуд.
Тибқи иттилои ВКД, Раҳимҷон Бобомуродов, як сокини ноҳияи Шаҳринав, ки савори мошини тамғаи «Опел-Астра» буд, дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Рӯдакӣ мавриди тафтиши намояндагони мақомоти интизомӣ қарор гирифт.Аснои кофтукоб аз бағоҷи мошини ӯ як халтаи селлофанӣ дарёфт шуд, ки дар дохили он 2 килову 822 грамм ҳероин мавҷуд буд. Алъон дар қиболи ин нашъаҷаллоб парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ҷузъиёти он омӯхта мешавад. {jathumbnail off}