Садама дар Иди Фитр: Мардҳо наҷоту занҳо ғарқ шудаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 8-уми августи соли равон дар ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба дарёи Панҷ чаппа шудааст, ки дар натиҷаи он мусофирони мардаш наҷот ёфтаанду занҳо ғарқ гардидаанд.
Ба иттилои ин ниҳод ронандаи «Мерседес», Назмишоев Сайдалӣ, соли таваллудаш 1952, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар мавзеъи «Содроги»-и деҳаи Чорфии ноҳияи Дарвоз бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, аз баландии 9-метр ба дарёи «Панҷ» чаппа шудааст: “Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина Давлатов Неъматулло Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Рудакӣ, аз дохили автомашина берун шудаанд.”
Вазорат мегӯяд, мусофирони дигар, Давлатова Сафармоҳ Солиевна, соли таваллдуаш 1975, Давлатова Малика Ҳикматуллоева, соли таваллудаш 1967, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва Давлатова Бибимо Ҳикматовна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Ҳисор, ба дарё афтида ғарқ шудаанд. Манбаъ мегӯяд, барои дарёфти ҷасадҳои ғарқшуда корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.