Гуфтушунид барои истирдоди 4 кӯдаки тоҷик ба Ватан
Мақомоти тоҷик бо Русия дар мавриди бозгардондани 4 кӯдаки бесаробони тоҷик, ки айни ҳол дар хонаи кӯдакон дар Санкт Петерубург нигоҳдорӣ мешаванд, гуфтушунид доранд.
Садбарг Ғаниева, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ахиран аз ҳоли ин 4 кӯдак хабар гирифта, барои бозгардондани онҳо ба мақомоти рус муроҷиат кардааст.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки айни ҳол дар паноҳгоҳи атфоли ятими “Транзит”, аз ҷумла Азизҷон, соли таваллудаш 2005, Сайёра, соли таваллудаш 2003, аз вилояти Суғд, Самариддин соли таваллудаш 1997 аз ноҳияи Бохтар ва Луқмониҳаким соли таваллудаш 1996 аз ноҳияи Вахш нигоҳдорӣ мешаванд.
Сафорати Тоҷикистон шароити будубоши кӯдакони тоҷикро дар хонаҳои кӯдакони Санкт Петербург хуб арзёбӣ намуд. Сафорат ёдрас мекунад, ки аввали соли равон теъдоди ноболиғони тоҷик дар хонаҳои кӯдакони Санкт Петербург 30 нафарро ташкил медод, ки аксарияташон баргардонда шудаанд. Аз бисёри ин кӯдакҳо волидайнашон ба далели шароити бади молиявӣ рӯй гардондаанд.