Дар наздикии Маскав духтари шашсолаи тоҷик гум шудааст
Мақомоти пулиси вилояти Маскав як духтари 6-солаи тоҷикро меҷӯянд, ки субҳи 8-уми август аз хона баромада барнагаштааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии Вазорати умури дохилии Русия ба идораи пулиси ноҳияи Пушкини назди Маскав, падари духтар, шаҳрванди 42 солаи Тоҷикистон, ки муваққатан дар Ивантеевка иқомат дорад, муроҷиат намудааст.
Ба иттилои ин ниҳод айни ҳол нишонаҳои духтар ба ҳамаи идораҳои пулиси минтақа равона шуда, кофтуков идома дорад.