Дастаи мунтахаби Ҳинд ба Тоҷикистон меояд
Имрӯз, 9-уми август, дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон аз Деҳлӣ ба Душанбе омада, ба Хуҷанд раҳсипор хоҳад шуд.
Бозии дустонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯзи 14-уми августи соли равон дар “Варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол:
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Рустам Ризоев (“Равшан”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”);
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев (“Жетису», Қазақистон), Фарход Восиев (“Газовик”, Оренбург, Русия), Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Негматов (ҳама – “Равшан”), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳама – “Истиқлол”), Алишер Шарипов (“Регар-ТадАЗ”);
Нимҳимоятгар: Нуриддин Давронов (“Слобода”, Сербия), Абдусамад Хоҷибоев (“Равшан”), Бахтиёр Чориев (“Энергетик”), Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Дилшод Восиев, Ибрагим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама - “Истиқлол”);
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Шодибек Ғаффоров (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷахонгир Эргашев (“Истиқлол”), Фарҳод Тоҳиров (“Истаравшан”).
Ҳайати роҳбарикунанда: Мухсин Муҳаммадиев - сармураббӣ, Олег Ширинбеков - мураббии калон, Рустам Қурбонов - мураббӣ, Асан Мустафаев - мураббии тарбияи бадан., Амоншо Содатсайров - мураббии дарвозабон, Фаррух Авезов – духтур.