Аҳмадҷон Неъматов дар 67-солагӣ дунёро падруд гуфт
Аҳмадҷон Неъматов, устоди факултаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки чанд соли охир аз фишори баланди хун азият мекашид, дар синни 67-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ба қавли наздикони Неъматов, маросими дафни ӯ рӯзи нуҳуми август дар зодгоҳаш -- деҳаи Сарои ноҳияи Ашт баргузор мешавад.
Аҳмадҷон Неъматов мактаби миёнаро соли 1962 ва собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1967 ба итмом расонда, то лаҳзаи марг ба таълими забони тоҷикӣ машғул буд.
Ӯ дар солҳои 1985-1987 ба ҳайси мушовири бахши таълиму тарбия ва устоди забоншиносии Донишгоҳи Кобул кор карда, солҳои 1994-1996 муовинати декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст. Соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.
Аҳмадҷон Неъматов ҳангоми қабули имлои нави забони тоҷикӣ мухолифаташ дар мавриди табдили ҳарфи “Ӯ” ба “У” дар чанд ҳолат, аз ҷумла қабл аз “Ъ” (аломати сакта) ва ҳарфи “Ҳ”-ро баён дошта буд.
Ҳайати эҷодии хабаргузории "Озодагон" ба хонавода, наздикон ва дӯстони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд