Кабирӣ дар бораи “эҳтимоли эҷоди низоъҳои сунъӣ ва ихтилофандозӣ”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо интишори паёме Иди саиди Фитрро барои мусулмонони кишвар табрик гуфтааст.
Ӯ дар паёми табрикии худ бештар рӯи сабру таҳаммул ва худдорӣ аз низоъ таъкид карда, афзудааст, “сифатҳое мисли сабру таҳаммул ва тавони дарки ҳоли дигарон, ки аз мактаби инсонсози рӯза берун омадаанд, дар марҳилаи пас аз ин моҳи муборак низ ҷузъи сифатҳои доимии муъминон бошанд.”
Ба бовари Кабирӣ, “танҳо ин сифатҳо метавонанд ҷомеаи моро аз низоъву кашмакашҳо ва бархӯрдҳои фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ доранд.” Дар ҳоле ки ба таъкиди раиси ҲНИТ, ин низоъҳо метавонанд гоҳо ба таври сунъӣ байни муъминон “атрофи масоили сатҳӣ ва бофта роҳандозӣ шаванд”, ки сабаби заъфу парокандагии онҳо мегардад.
“Шароити хоси марҳилаи оянда эҳтимоли эҷоди низоъҳои сунъӣ ва ихтилофандозиро дар бадани миллат, ба хусус байни қишри мазҳабӣ бештар мегардонад. Маҳз дар ҳамин гуна ҳолатҳо мо зарурати бештаре ба хештандорӣ ва парҳез аз ҳамагуна фитнаву низоъро дорем, ки моҳи шарифи Рамазон заминаи онро дар рафтору гуфтори ҳар як рӯзадор гузоштааст”,-илова кардааст ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ дар охир аз Парвардигори бузург хостааст, ватану миллати азизи моро дар сояи раҳмати хеш ҳифз намояд. Иди Рамазон ё Иди Фитр яке аз ду иди мусулмонҳост, ки дар рӯзи анҷомёбии моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ин рӯз дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат ё таътил эълон шудааст.