Парвандаи Зайдро барои шиносоӣ ба адвокатҳо додаанд
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик мегӯяд, то оғози моҳи сентябр ба гумон аст, ки парвандаи зерҳимояаш ба додгоҳ равад.
Табаров, дар шарҳи гуфтаҳои Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасод, ки гуфтааст, парвандаи Зайд то миёнаҳои моҳи август ба додгоҳ ирсол мешавад, изҳор дошт, ки ирсоли парвандаи зерҳимояашон ба додгоҳ танҳо аз Оҷонсӣ вобаста нест: “Парвандаҳо алайҳи Зайд Саидовро танҳо имрӯз барои шиносоӣ ба мо пешниҳод намуданд. Ин парванда аз чанд том иборат аст ва мо дар муҳлати шиносоӣ бо он маҳдуд нестем. Моро зарур аст, ки ҳар нуқтаи онро дақиқан омӯзем. Ба гумон аст, ки ин парванда ҳатто то 1-уми сентябр ба додгоҳ равад.” Табаров таъкид намуд, ки ирсоли парванда бояд дар мувофиқа бо онҳо сурат гирад.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.