Тими наврасони Тоҷикистон ғолиби “Ҷоми Дӯстӣ-2013”
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) барандаи сабқати ҷаҳонии “Ҷоми Дӯстӣ-2013”гардид.
Ин мусобиқа, ки дар Қирғизистон ҷараён дошт, имрӯз, 7-уми август анҷом ёфт. Яккачини наврасони Тоҷикистон, ки зери раҳбарии тренери ҷопонӣ Чикаши Сузуки ба ин сабқат рафта буданд, дар ҳамаи се дидор дастболо шуд.
Нахуст футболбозони навраси тоҷик 3-юми август ба дарвозаи мизбонон – Қирғизистон 7 туб зада,танҳо ду гол сар доданд. 5-уми август бошад, тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:0 яккачини Озорбойҷонро шикаст дод. Дар охирин дидор, 7-уми август футболбозони навраси тоҷик бо тими Белорус ба майдон баромада ва бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаи бозиро Рустам Толибов дар дақиқаи 75-уми бозӣ ба нишон расонд.
Ногуфта намонад, ки Рустам Толибов, ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд. Худойдод Узоқов, бозигари тими “Вахш”- Қӯрғонтеппа унвони беҳтарин ҳамлагарро гирифт.
Мақоми дуюмро дар “Ҷоми Дӯстӣ-2013” мизбонҳо гирифтанд. Зинаи сеюм насиби тими наврасони Озорбойҷон шуд. Тибқи қавонини мусобиқа сабқати ояндаи “Ҷоми Дӯстӣ” дар кишвари ғолиби он, яъне Тоҷикистон баргузор мешавад.
Акс аз торнамои ФФТ