АКС: Нашри шумораи “мамнуъ”-и “Рӯзи нав” дар Фейсбук
Рӯзи 7-уми август аз нашри нухустин шумораи “Рӯзи нав”, ки серхонандатарин рӯзномаи оғози асри 21 дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, расо 10 сол сипарӣ гардид. Нахустин шумораи ин рӯзнома 7-уми августи соли 2003 аз чоп баромада, давоми як муддати кӯтоҳ хонандаи зиёд пайдо кардааст, вале бо гузашти ҳамагӣ як сол дар пайи монеаэҷодкуниҳои мақомот аз нашр бозмондааст.
Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири “Рӯзи нав” дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, нашрия то 11-уми августи соли 2004 дар Тоҷикистон чоп шуд: “Аммо пас аз он, ки чопашро дар кишвар нагузоштанд, чанд шумора варақа баровардем. 4 ноябри соли 2004 шумораеро, ки дар Бишкек чоп карда будем, аз фурудгоҳ боздоштанду нагузоштанд ба дасти хонанда бирасад».
Раҷаби Мирзо илова намуд, охирин шуморае, ки намонданд ба дасти хонанда расад, рӯзи ҳафтуми август, дар 10-умин солгарди “Рӯзи нав”, тариқи шабакаи интернет паҳн кард ва ҳар корбар метавонад онро дастрас намудаву хонад.