Мулло Умар ширкат дар интихоботро сарфи беҳудаи вақт номидааст
Рӯзи сешанбеи 6-уми август намояндаҳои ҳаракати “Толибон” изҳороти пешвои худ -- мулло Муҳаммад Умарро дар робита ба интихоботи президентии Афғонистон нашр карданд,-хабар медиҳанд расонаҳо.
Дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки натиҷаи интихобот дар Вашингтон ҳал мешавад, аз ин рӯ “ширкат дар чунин овоздиҳӣ чизе ба ҷуз сарфи беҳудаи вақт нест”.
Мулло Умар аз афғонҳо даъват кардааст, ки аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даст бикашанд ва алайҳи неруҳои хориҷӣ қиём кунанд.
Дар интихоботҳои қаблӣ низ “Толибон” ширкат наҷуста буданд, аммо бори аввал аст, ки мавқеи худро расман эълон медоранд.
Пешвои “Толибон” ваъда додааст, ҳар нафаре, ки аз ҳамкорӣ бо НАТО ва режими Ҳомид Карзай даст мекашад, новобаста аз он ки ба сафи онҳо мепайвандад ё не, муҷозот нахоҳад шуд.
Мулло Умар ҳамчунин ба ифтитоҳи намояндагии “Толибон” дар Қатар низ дахл карда гуфтааст, онҳо дар тасмимгириҳояшон мустақиланд. Ба қавли ӯ дар роҳи эътирофи онҳо аз суи ҷомеаи ҷаҳонӣ хориҷиҳо монеъ мешаванд, -хабар додааст торнамои afghanistan.ru.