Ифтитоҳи ҳашт парвандаи нав алайҳи собиқ домоди президент
Агентии мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ ва фасоди Қазоқистон алайҳи Мухтор Аблязов, раҳбари пешини бонки БТА ва домоди собиқи Нурсултон Назарбоев 8 парвандаи нави ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон бо такя ба иттилои Мурод Жуманбой, намояндаи расмии оҷонсии мазкур хабар додаанд.
"Гуруҳи тафтишотии Агентии мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ ва фасод аз рӯйи далелҳои дуздии маболиғи бонки БТА нисбат ба Аблязов ва дигар раҳбарони собиқи бонк боз ҳашт парвандаи дигар боз кардааст. Онҳо ба ширкатҳои офшорӣ қарзҳои бебозгашт ҷудо кардаанд, ки дар натиҷа ба бонк беш аз 317 миллион доллар зиён расидааст", -гуфтааст Жуманбой дар брифинги созмонёфтае 7-уми август.
Прокуратураи генералии Қазоқистон аз ин пеш аз Фаронса истирдоди Мухтор Аблязовро тақозо карда буд. Тибқи қонунгузории Фаронса Аблязов то анҷоми баррасиҳои марбут ба истирдодаш то 40 рӯз дар боздошт хоҳад монд. Аблязов, ки аз мухолифони сарсахти ҳукумати Қазоқистон аст ва паноҳандагии Бритониёро дорад, 31-уми июл дар ҷануби Фаронса, наздикиҳои шаҳри Канн боздошт шуд.