Президент аз 80 судяи навтаъин хост, танҳо тобеи қонун бошанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми август дар мулоқот бо наздики 80 судяи навтаъин изҳор доштааст, нафароне, ки боре ба сӯииистифода аз мақом ё фасод даст задаанд, минбаъд ба кор на танҳо дар мақомоти судӣ, балки дар маҷмуъ ба хизмати давлатӣ қабул нашаванд.
Тавре аз дафтари матуботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъиншудагон 6 нафар бонувон ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя сазовор дониста мешаванд. Ба иттилои манбаъ дар ин мулоқот “пас аз қироати фармонҳои президент оид ба таъиноти кадрӣ ахбори роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов, доир ба фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, ҳодисаҳои ташвишовари даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ шунида шуд.”
Ба иттилои манбаъ баъди шунидани гузоришҳо, Эмомалӣ Раҳмон аз судяҳо даъват намудааст, ки “ба халқу Ватан ва савганди касбии худ ҳамеша содиқ бошанд, кору фаъолияти худро бо дасту дили пок ва нияти нек ба роҳ монда, дар амалӣ намудани адолати судӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандон танҳо тобеи қонун бошанд”.
Дафтари матуботи раисиҷумҳур мегӯяд, бо нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти судӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ, амалҳои коррупсионӣ ва ба ҷазои сазовор гирифтор шудани онҳо, изҳори боварӣ карда шуд, ки барои пешгирӣ аз чунин кирдорҳои нангин аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад: “Таъкид гардид, ки кормандони ба чунин амалҳо роҳдода минбаъд бояд умуман ба мақомоти судӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашаванд.”