Дастури Убайдуллоев барои таъмини амният дар ҷашни Истиқлолият
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар як ҷаласаи махсус бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти пулис ва Кумитаи амният дастур додааст, ки тадобири амниятиро пурзӯр намоянд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, Убайдуллоев ҳамчунин аз сокинони шаҳр хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни истиқлолият талаботи қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя кунанд.
Раиси Душанбе ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт муҳайё созанду ороиши идонаи шаҳрро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Убайдуллоев роҳбарии бадеии намоиши театришуда бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, Раҷабов Убайдулло гузошта, ширкати беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбӣ дар баргузории чорабинии идона дар Наврӯзгоҳи пойтахтро талаб кардааст.