Зимни баррасии қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз ҷумла зикр гардид, ки мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», аз ҷумла таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат мебошад.
Тибқи иттилои Шафкат Сайидов, ёвари райиси ММ МО, бо ҳамин мақсад дар Кодекси мазкур моддаи 160 таҳрири нав, яъне бо номи «Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» ифода карда шуда, минбаъд мутобиқи ин модда барои вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
-Мувофиқи қисми 2 моддаи қайдгардида барои ҳамин кирдор, агар бо истифода аз мақоми хизматӣ ё истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди зўроварӣ содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он, пешбинӣ шудааст,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}