Саидзода мегӯяд, дар интихоботи оянда номзадияшро мегузорад
Толибшоҳи Саидзода, рӯзноманигори тоҷик, ки ду бор дар интихобот, номуваффақ шуд, изҳор медорад, ки дар интихоботи ояндаи Маҷлиси Намояндагон ҳам барои курсии парлумон талош хоҳад кард.
Ҷаноби Саидзода, ки дар як даври омӯзишӣ барои журналистон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар интихобот» суҳбат мекард гуфт, «аз хурдӣ орзу доштам, ки депутат шавам. Ду маротиба муваффақ нашудам, аммо умед дорам, ки дар интихоботи ояндаи парлумонӣ, ки ба синни 50 мерасам, орзуям ҷомаи амал мепӯшад».
Толибшоҳи Саидзода солҳои 1990 ва 2011 муддаии курсии парлумонӣ буд. Моҳи майи соли 2011 дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе дар баробари Амирқул Азимов (номзади ҲХДТ), Музаффар Мирзоев (номзади ҲАТ) ва Сафарбек Маннонов (номзади мустақил) вориди рақобат шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амниятро баррандаи интихобот эълон кард. Толибшоҳи Саидзода натиҷаи интихоботро "рӯзи мотами умеду эътимод ва бовариҳо" номида, онро олуда бо тақаллуб унвон кард. Ӯ шикоёташро ба КМИР супурд, аммо посух гирифт, ки қонуншиканиҳои сабтшуда аз сӯи нозирони оқои Саидзода ҷузъӣ буда, ба натиҷаи интихобот таъсире намерасонанд.
Толибшоҳи Сайидзода муассис ва сардабири нашрияи «Бомдод»-и шаҳри Қӯрғонтеппа буда, дар ҳафтаномаи «Миллат» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» кор кардааст. Ҳоло сарварии як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанберо бар душ дорад.