Дар арафаи Иди Фитр, чеҳраҳои маъруфи тоҷик мардуми Тоҷикистон ва тамоми мусалмонони ҷаҳонро ба муносибати фарорасии ин рӯзи саид табрик намуда, таманниёти худро изҳор доштанд.
Хабаргузории “Озодагон” тасмим гирифт, навори табрикоту таманниёти бархе аз онҳо, аз ҷумла Маҳмудҷон Тураҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, Меҳмоншо Шарифзода, таҳлилгар, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин ва Зубайдуллоҳи Розиқ, руҳонии тоҷикро пешкаши хонандагонаш гардонад.