ЮНИСЕФ ба судяҳои тоҷик муносибати дуруст бо кӯдаконро меомӯзонад
Мари Пер Пуаре, директори генералии созмони ЮНИСЕФ дар кишварҳои Осиёи миёна, Аврупои шарқӣ ва Иттиҳоди муштаракулманофеъ, тасмим гирифтааст, судяҳои Тоҷикистонро тариқи ин созмон аз омӯзиш гузаронад.
Ин нуктаро номбурда дирӯз, 5-уми август дар Душанбе зимни ифтитоҳи нахустин толори махсуси додгоҳӣ барои ноболиғон иброз дошта, таъкид кард, ки дар чунин ҳуҷраҳо фаъолияти судҳои ботаҷриба ва омӯзонидашуда нақши хеле муҳим мебозад.
Мари Пер Пуаре илова намуд, ки барои фаро гирифтани судяҳо бо омӯзиш дар ЮНИСЕФ барномаи махсус аст: «Баробари ҳуҷраҳои махсус барои муҳайё сохтани низоми хуби адлия ба кӯдакон, судяҳои омӯзонидашуда, низ нақши муҳим мебозанд».
Қаблан Сафарбек Нуралиев, судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба «Озодагон» иброз намуда буд, ки ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ бо ҳузури ноболиғон, акнун судя, прокурор ва дигар шоҳидон дар толори маҷлиси судӣ нишаста, кӯдак ҳамроҳи омӯзгор дар утоқе, ки барои ноболиғон бо таҷҳизоти махсус, қалам дафтар ва ғайра ҷиҳозонида шудааст, менишинад ва ӯро тариқи омӯзгор мепурсанд: “Раисикунандаи суд аз толори маҷлиси судӣ тавассути омӯзгор ба кӯдак савол медиҳад ва ноболиғ пайхас намекунад, ки саволро судя дода истодааст».
Толор ва утоқи махсус барои пурсиши ноболиғон дар Душанбе бо кӯмаки ЮНИСЕФ ташкил шудааст ва барои ташкили чунин толору утоқ дар 4 навоҳии пойтахт 14 ҳазор доллар ҷудо шудааст.