Интихоботи президенти Русия рӯзи 4 марти соли 2012 баргузор хоҳад гашт.
Комиссияи марказии интихоботи Русия тибқи як санади худ ин рӯзро санаи баргузории интихоботи раисҷумҳури Русия эълом кард.Майя Гришина, як масъули Комиссия марказии интихоботи Русия ин хабарро таъид карда гуфт, пештар баргузории интихоботи раисҷумҳури Русия санаҳои 4-ум ва 11-уми март, яъне якшанбеи якум ва ё дуюми март дар назар дошта мешуд. Бар он сабаб, ки мутобиқ ба қарори ҳукумати Русия дар хусуси гузаронидани рўзи истироҳати 11 март ба 9 март бар асари рост омадани ин санаҳо ба рўзҳои ид, КМИ санаи баргузории интихоботи президентии соли 2012-ро 4 марти соли 2012 муайян ва эълон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Русияро пеш аз баргузории интихоботи раисҷумҳур боз як чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони порлумон (Думаи давлатӣ) дар моҳи декабри соли равон интизор аст.{jathumbnail off}