Вазорати тандурустӣ фасодкории Носировро маҳкум кард
Вазорати тандурустии Тоҷикистон масъалаи бо ҷурми ришваситонӣ боздошт шудани Илҳом Носиров, мудири шӯъбаи наҷоти Маркази миллии тиббиро дар ҳузури сардухтурони кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, онро маҳкум намудааст.
Тавре аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, баъди боздошти Носиров ин ниҳод қарор намудааст, аттестатсияи ғайринавбатии роҳбарият, мудирони шӯъбаҳо ва ҳамшираҳои калони Маркази миллии тиббиро оид ба мутобиқат ба вазифаи ишғолнамудаашон баргузор намуда, ҷо ба ҷо гузории минбаъдаро тавассути озмун ба роҳ монад.
Манбаъ илова намуд, ки Вазорати тандурустӣ Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2013-15 таҳия ва тасдиқ карда, ба масъулин ва кулли муассисаҳои соҳа супориш дода шудааст, ки барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои қатъӣ ва мушаххас андешанд.
Қаблан Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон духтури Ҳаким Ҳазратқулов, гиторнавози маъруфи гуруҳи Паремро, ки даргузашт, бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт намуданд. Тибқи иттилои агентӣ боздоштшуда, Илҳом Носиров, дар симмати раҳбари шуъбаи эҳёгарии Марказии миллии тибби Тоҷикистон, дар мувофиқа бо зертобеинаш ба фасодкориҳо даст задааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, 17-уми марти соли равон шаҳрванд Ҳаким Ҳазратқулов, ки гиторнавози гуруҳи маъруфи Парем будааст, зимни бозии футбол ҷароҳати мағзи сар мегирад ва ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол дода мешавад. Оқои Ҳазратқулов то рӯзи фавташ, яъне 29-уми апрели соли равон, дар ин шуъба қарор доштааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ташхису табобати беморон дар ин шуъба ройгон аст, аммо Илҳом Носиров аз вазъи ногувори Ҳазратқулов сӯиистифода намуда, аз падари нафақахӯраш Муродқул Ҳазратқулов пул мегирифтаанд. Ба иттилои Оҷонсӣ давоми 43 рӯзи табобат аз падари бемор дар ҳаҷми 10 ҳазору 470 сомонӣ ришва ситонда шудааст. Дар маҷмуъ Муродқул Ҳазратқулов зимни муолиҷаи писараш 104 ҳазор сомонӣ сарф кардааст, вале баъди оне, ки фарзандаш даргузаштааст, ӯ аз духтур Илҳом Носиров талаб кардааст, ки қисме аз маблағҳои гирифтаашро гардонад ва Носиров низ розӣ шудааст.
Масъулини Оҷонсии фасод мегӯянд, соати 11-и 16-уми июл, вақте Илҳом Носиров ду ҳазор сомониро ба падари марҳум бармегардондааст, аз ҷониби кормандони оҷонсӣ боздошт гардид. Айни ҳол алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.