Броимшоева: “Изҳорот”-и Булбулов алайҳи ҲНИТ таҳти фишор сурат гирифтааст
Муслима Броимшоева, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон, мегӯяд, изҳороти Асрор Булбулов, масъули ҲНИТ дар Хоруғ, ки тариқи телевизиони давлатӣ пахш гардид, ба гумони ғолиб таҳти фишори мақомот сурат гирифтааст.
Броимшоева, ки баъди фавти Сабзалӣ Мамадризоев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар Бадахшон таъин шуд, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “Асрор Булбулов баъди боздошти Шерик Карамхудоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ таъин гардида буд ва вақтҳои охир бисёр парешон мегашт ва пайваста таъкид мекард, ки таҳти фишор қарор дорад ва мақомот мехоҳанд, нисбати ӯ низ чун Шерик парванда боз кунанду боздошт намоянд.”
Броимшоева таъкид намуд, ки вақтҳои охир бисёре аз аъзои ҲНИТ дар Бадахшон, дар робита ба амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғ мавриди фишору таҳдидҳо қарор гирифтаанд. Ӯ афзуд, ки эҳтимол ин маърака барои ҷилавгирӣ аз конфронси ҳизбии ҲНИТ дар Бадахшон роҳандозӣ шудааст, ки дар назар аст, ояндаи наздик баргузор гардаду зимни он аз ҷумла раиси ҳизб дар Бадахшон ва раисҳои шуъбаҳо дар навоҳии вилоят таъин гарданд.
Броимшоева илова намуд, ҳар он нафаре, ки аз ҳуқуқҳояш огоҳ аст, аз фишори мақомот наметарсад ва таъкид намуд, ки фаъолияти ҲНИТ-ро дар Бадахшон густардатар аз пешӣ ба роҳ хоҳанд монд.
Ин хонум изҳороти Булбуловро, ки гуфт ҲНИТ дар Бадахшон 38 аъзо дорад, буҳтон номида, таъкид намуд, ки теъдоди аъзоёни фаъоли ҳизб дар вилоят беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Асрор Булбулов, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, шоми 5-уми август, дар изҳороте тариқи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов. Ӯ таъкид намудааст, ки ин ҳизб барои Тоҷикистон даркор нест.
Ахиран шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз навоҳии кишвар барномаҳо алайҳи ҲНИТ-ро пахш мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ дар як номааш ба Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар маъракаи густарда алайҳи ҲНИТ-ро хилофи ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистон номида, илова намуда буд, ки агар ин барномаҳо ба хотири гуногунандешӣ бошанд, бигзор телевизионҳо барои намояндагони ҲНИТ низ барои ироаи мавқеашон минбар диҳанд.