Дафтари намояндагии «Толибон» аз Қатар куч мебандад?
Иёлоти муттаҳидаи Амрико масъалаи аз қаламрави Қатар ба кишвари дигар мунтақил кардани намояндагии сиёсии «Толибон»-ро баррасӣ мекунад. Ин нуктаро ВАО-и Покистон бо такя ба манбаи ифшонашуда зикр кардаанд.
Ин маълумот баъди он нашр шуд, ки Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА аз Исломобод дидан кард. Иртибот бо «Толибон» ва раванди оташбас дар Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти дуҷониба будааст.
Иштирокдорони мулоқот зикр кардаанд, мутмаин нестанд, то намояндагии «Толибон», ки фурсати начандон тулонӣ дар қаламрави Қатар фаъолият кард, дубора фаъолияташро ин ҷо аз сар бигирад. Дар робита ба ин, гуфта шудааст, бояд имкониятҳои дигари музокирот бо мухолифини Афғонистон ҷуста шавад.
Аммо ҳоло рушан нест, ки дафтари нави намояндагии «Толибон» дар кадом кишвар боз мешавад. Расонаҳо бо такя ба сарчашмаҳои худ навиштаанд, ҷониби Амрико сари чанд вариант фикр дорад.