Афзойиши мизони ҷиноят дар шимоли Тоҷикистон
Дар тӯли шаш моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 2929 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1094 адад ё худ 60% бештар будааст. Дар ин бора Шариф Назаров, сардори идораи корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ҳарчанд теъдоди қонуншиканӣ зиёд шуда бошад ҳам, ҷиноятхое мисли одамкушӣ, таҷовуз ба номус, ғоратгарӣ ва дуздӣ кам ба қайд гирифта шудааст.
Аммо ин дар ҳолест, ки содиршавии ҷиноёти марбут ба авбошӣ, қасдан расонидани зарар, роҳзанӣ ва амсоли он мизони зиёдшавиро касб кардаанд.{jathumbnail off}