Зиёиён аз даъво алайҳи Тутубалина даст кашидаанд?
Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс” мегӯяд, то ҳол расман аз даъвои такрории зиёиён алайҳи ӯ касе хабар надодааст.
Тутубалина имрӯз, 5-уми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯро расман аз муроҷиати дубораи зиёиён ба додгоҳ огоҳ накардаанд, “аммо овоза ҳаст, ки зиёиён ба суди умумии ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кардаанд.”
Барои тасдиқ намудани хабар ба Меҳмон Бахтӣ, раиси иттифоқи нависандагон, яке аз даъвогарони асосӣ алайҳи Тутубалина дар тамос шудем, аммо ӯ гуфт, “ман ин хел одамро намешиносам ва намедонам.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо додгоҳи иқтисодӣ ба далели он, ки аризаи даъвогии зиёиёни тоҷик бо забони русӣ навишта шудааст рад намуд ва то 23-юми июл барои ислоҳи ин камбудӣ муҳлат дода буд. Аммо то ҳол зиёиён аз муроҷиати дубора ба додгоҳ хабар надодаанд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.