Парванда алайҳи Наимов барои қаллобӣ бо квотаҳои президентӣ
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ, Ёраҳмад Наимов, сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлонро боздошт кардааст, ки дар шимоли кишвар барои дарёфти квотаи президентӣ аз сокинон пул мегирифтааст.
Тавре Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Наимов дар чор ноҳия, худро соҳибкор аз Душанбе, бо номи дигар муаррифӣ карда, аз сокинони онҳо барои дохилшавии фарзандонашон ба Донишгоҳи тиббӣ тариқи квотаи президентӣ маблағи калон гирифтааст. Ин қазия баъди муроҷиати сокинони Зафаробод ба мақомоти пулис ошкор шудааст.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол алайҳи Наимов бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.