Мақомоти тоҷик: Конфетҳои “Roshen” безараранд
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар пайи ташхиси конфетҳои украинии “Roshen” эълон медорад, ки қанодиҳои ин ширкат зиёне надоранд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамроҳ бо Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон шириниҳои ширкати “Roshen”-и Украинаро ахиран мавриди санҷиш қарор доданд, вале маводи зараровареро дар таркибашон дарёфт накардаанд.
Ин санҷиш баъди оне сурат гирифт, ки якчанд кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҷумла Қазоқистону Русия шириниҳои ширкати “Roshen”-ро, ба далели дарёфти маводи кимиёвии бензпирен дар таркибашон зараровар унвон кардаанд.
Як масъули Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бензпиренро дар таркиби бисёр маҳсулотҳое, ки бо дуд ё ин ки бо гармии зиёд коркард мешаванд, дарёфт кардан имкон дорад. Махсусан дар таркиби маҳсулотҳои гуштие, ки дуд карда мешаванд, маҳсулоти донагие, ки дар ҳарорати баланд омода карда мешаванд ва дар таркиби кофе ва какаво низ ёфт кардан мумкин аст. Лекин миқдори он муайян карда шудааст. Дар сурати аз меъёр зиёд истифода шудани “Бензпирен” дихоҳ маҳсулот ба инсон зарар хоҳад дошт, зерои ин мавод хусусияти ҷамъшавӣ дорад ва метавонад одамро ба бемориҳои саратонӣ оварда расонад.”