Қирғизистон ба собиқ атбои Тоҷикистон ҳаққи шаҳрвандӣ дод
Қирғизистон собиқ атбои қирғизтабори Тоҷикистону Узбакистонро ба шаҳрвандӣ қабул мекунад.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дастур оиди қабул ва хуруҷ аз шаҳрвандии кишварашро имзо намудааст.
Бар асоси ин дастури раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳудуди 646 нафар(617 калонсол, 29 кудак) ҳаққи шаҳрвандии ин кишварро дарёфт мекунад.
Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, бештари ин афрод собиқ шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбакистон мебошанд, ки дар гузашта ба ватани аҷдодияшон бар гаштаанд.
Инчунин манбаъ афзуда, ки бо фармони дигари раисиҷумҳури Қирғизистон 184 нафар аз шаҳрвандии ин кишвар, ки бештари онҳо русзабонону узбактаборон мебошанд, берун карджа шудаанд.