Наврасони тоҷик дар “Ҷоми Дӯстӣ” бо мизбонҳо сабқат мекунанд
Имрӯз 3-юми август, Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), оид ба футбол дар нахустин бозии “Ҷоми Дӯстӣ” бо наврасони то 16-солаи Қирғизистон қувваозмоӣ мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Дӯстӣ-2013”, ки аз як давра иборат аст, аз 3-юм то 7-уми августи соли равон дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Чикаши Сузукӣ, сармурраббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ширкат дар “Ҷоми Дӯстӣ” 18 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ҳамчунин имрӯз мунтахаби наврасони то 16-солаи Озарбойҷон ва Белорус бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Тақвими бозиҳои “Ҷоми Дӯстӣ-2013"
Дарври 1-ум
3-юми август (шанбе)
18:30 - Озорбойҷон - Белорус
18:30 - Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2-юм
5-уми август (душанбе)
18:30 – ТОҶИКИСТОН - Озорбойҷон
18:30 - Белорус – Қирғизистон
Даври 3-юм
7-уми август (чоршанбе)
9:00 - ТОҶИКИСТОН - Белорус
10:00 - Қирғизистон - Озорбойҷон