Собиқ мушовири Э.Раҳмон: "Ба мо... диктатор даркор нест"
Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик ва собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, низомеро, ки дар он миллатҳо ба сар мебаранд, бояд Созмони Милали Муттаҳид интихоб кунад.
Иброҳим Усмонов, ки рӯзи 2-юми август дар нишасти “Дурнамои ҷаҳони Ислом: демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дар қароргоҳи ҲНИТ суҳбат мекард, гуфт, “агар маро пурсанд, ки демократия даркор аст ё не, ман мегӯям, не! Ба ман демократия лозим нест. Шояд ба халқи ман низ даркор набошад. Диктатор даркор аст ё не, ман боз мегӯям, диктатор даркор нест. Зеро давлат бояд озод бошад. Пас роҳи дигари ислоҳ, ки низом диктаторӣ нашавад, лозим аст ва фақат ба ин роҳ Созмони Милали Муттаҳид бояд машғул шавад.”
Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик баландтар аз СММ ниҳоде дар дунё нест ва он бояд бо ҳимояти манофеи милаттҳо машғул бошад: “СММ ҳамчун иттиҳоди миллатҳои ҳамаи дунёву давлатҳо, ки баландар аз он дигар ниҳоде нест, бояд манфиатҳои миллатҳоро ҳимоя кунад.”
Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, вогузор кардани тақдири миллатҳо ба як ниҳоде, ки аъзои он миёни худ ба тавофуқ намерасанд, кадом як мушкиле ҳал нахоҳад шуд: “СММ ва Шӯрои Амният 5 кишваре мебошанд, ки дар бораи диктатура ва демократия дидгоҳи ягона надоранд. Русияву Чин дидгоҳи комилан дигар ва Амрикову, Британия ва Фаронса назари дигар доранд. Агар мо боз тақдири миллатҳоро ба дасти СММ ё Шӯрои амният диҳем, ки онҳо дар ягон масъалаи калидӣ то кунун ба тавофуқ нарасидаанд, боз худро мо вориди як бунбаст мекунем.