Се фирории дигар дар Данғара боздошт шуданд?
Тибқи иттилои расида, дар рустои Гули зиндони ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара се тан аз гурезагони зиндони кумитаи амният, ки ҳанӯз соли гузашта фирор карда буданд, ошкор карда шудаанд.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» як манбаъи наздик ба мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод. Гуфтанист, барои дастгир ва безарар гардонидани гурезаҳои махсусан хавфнок аз кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилаи вилояти Хатлон сафарбар карда шудаанд. Дар ҳамин ҳол, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мӯминобод ва як қатор кормандони милиса ба мавзеи тахминии фирориён сафарбар гаштаанд. Зимнан, аз ШКД-и Шӯрообод хабар доданд, ки беш аз 10 нафар аз милисаҳои ин ноҳия низ омодаи рафтан ба Данғараанд, аммо дар РКД-и вилояти Хатлон, ин иттилоъро барои мо шарҳу тавзеҳи бештар надоданд.
Ёдрас менамоем, шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Ӯзбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ ҳудуди 17 нафари онҳо боздошт ва чор тани эшон дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.{jathumbnail off}