Ахиран сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур рӯзи аз ноҳияи Тавилдара дидан кард.
Дар маркази ноҳияи мазкур мулоқоти дипломати англис бо раиси ноҳия Ҳимматшо Ғайратов баргузор гардида, мушкилот ва дастовардҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии сафорат, зимнан раиси ноҳия, омодагии хешро баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо сафорат изҳор намуд. Аз ҷониби хеш ҷаноби Мур қайд намуд, ки дар ин самт имкониятҳои хуб мавҷуд ҳастанд.
Худи ҳамон рӯз, ҷаноби сафир ба мактаб-интернатии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Тавилдара ташриф оварда, дар чорабинии бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Азал” омода гардида буд, иштирок намуд. Ба хонандагон оид ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим филми “Ҳоҷат ба баён нест” (No comments) ва филми “Инро бояд ҳар кас донад” намоиш дода шуд.
Инчунин ҷаноби Тревор Мур дар маъракаи ниҳолшинонии ҷавонон дар маркази ноҳия низ иштирок кард.