Зоиров: "Маро дар пахши изҳороти беасос муттаҳам карданиянд"
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти Додситонии кул ӯро дар баҳогузории нодурусти ҳаводиси соли гузаштаи Хоруғ муттаҳам карданиянд. Оқои Зоиров баъд аз зӯҳри дувуми август бо даъвати расмии Раёсати ҷиноятҳои махсусан муҳими додситонӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳозир шуда буд.
Вай пас аз чанд лаҳзаи берун омадан ба “Озодагон” гуфт, далели даъваташ изҳороти ахири ӯ дар мавриди ҳаводиси Хоруғ, гумшавии раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон ва дигар масъалаҳо будаанд.
“Асосан сӯҳбат дар мавриди ҳаводиси Хоруғ буд, ки чанде пештар онро террори давлатӣ номида будам. Намояндагони додситонӣ иддао доранд, ки ман онро нодуруст баҳогузорӣ кардаам. Аммо ман ба онҳо гуфтам, ҳамаи саволҳоятонро дар шакли дуруст таҳия кунед, ман рӯзи душанбе (5 август) аз соати 11:00 то соати 18:00-и бегоҳ омада, ба ҳамаашон хаттӣ ҷавоб медиҳам ва дар зерашон имзо хоҳам гузошт. Гуфтам, ҳар нукта ва суханеро, ки дар мавриди ҳаводиси Хоруғ гуфтаам, бо далелҳояш хаттӣ ироа хоҳам кард”,-гуфт ӯ.
Дар мавриди он ки оё мақомот наметавонанд Зоировро барои изҳороти беасос муттаҳам кунанду ба ҷавобгарӣ кашанд, ӯ изҳор дошт, ки албатта чунин эҳтимол вуҷуд дорад. “Аммо ман фикр намекунам, барои ин изҳоротам, ки ман асоснокии онро исбот карда метавонам, метавонанд нисбат ба ман парванда кушоянд ё ба ҳабс гиранд”,-афзуд ӯ.
Қаблан Раҳматулло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома аз президент ва ҳукумати кишвар даъват намуд, ки бо дарки масъулияту мардонагӣ амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунанду фармондеҳони амалиёт муҷозот гарданд. Зоиров дар муроҷиатномааш ба президент, парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон гуфт, замони баҳогузории воқеии ҳаводиси Хоруғ фаро расидааст: “Мутмаинам, ҳаводиси моҳи июли соли 2012 дар Хоруғро ба ҷузъ як амали тарҳрезишудаи террори давлатӣ, чизи дигар номидан мумкин нест."
Раиси ҲСДТ, ки ҳамзамон раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон аст, таъкид мекунад, ки тайи солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм, даст ба террори давлатии густурда болои аҳолии кишвар мезанад. Зоиров бо такя ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ташреҳ медиҳад, ки террори давлатӣ ин боздоштҳои ғайриқонунӣ, кушторҳо, гаравгонгириҳо, шиканҷа ва қатли шаҳрвандон бе тафтишоту додгоҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ мебошад. Бо зикри чанд асноди дигари байналмилалию илмӣ Зоиров амалиёти Хоруғро намунаи барҷастаи террори давлатӣ арзёбӣ мекунад.
Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки 24-уми июл, рӯзи ёдбуди зарардидагон аз фишору зӯровариҳои ғайриқонунӣ эълон гардад. Зоиров аз парлумон хостааст, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид шаванду амалиёти ғайриқонунии ҳукумат ва мансабдорон алайҳи аҳолии осоишта ба банди терроризм ворид гарданд.