Рамазон дар пеш аст ва масъулини бархе аз ниҳодҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар ин моҳи шариф аз болоравии нархҳо ҷилавгирӣ хоҳанд кард.Сироҷиддин Валиев, раиси «Тоҷикматлубот» ва сарвари КВД «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, Амонуллоҳи Ҳукуматулло ахиран дар ин бора дар нишастҳои матбуотӣ ибрози назар карданд.
Танзими нарху наво дар чанд моҳи охир дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтааст ва дар баъзе ҳолат ба назар мерасад, ки аз усули иҷбории корбарӣ низ истифода мешавад. Аммо ба андешаи коршиносон танзими нарх ба таври маҷбурӣ мухолифи шароити иқтисоди бозор аст, ки Тоҷикистон даъвои гузариш ба ин навъи бозорро дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи Рамазон наздик аст ва агар пеши баландшавии нархҳо гирифта нашавад, қобилияти харидории мардум боз пасттар мешавад.
Танзим, яъне чӣ хел?
Дар як моҳи ахир қимати молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар ниҳоят боло рафтааст ва ахиран дар робита ба ин дар Тоҷикистон тарҳи муқаррароте барои коҳиши қимати маҳсулоти ниёзи аввал таҳия шудааст. Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мизони арзиши изофӣ дар фурӯши чакана ба ин навъи маҳсулот маҳдуд карда шавад. Акбар Хоҷаев, як масъули идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки дар оянда агар соҳиби дӯконе аз бозори яклухт маводеро, ки вориди феҳристи маҳсулоти ниёзи аввал мешаванд, бар ивази сад сомони харидорӣ кунад, вай ҳақ надорад онро бо арзиши изофаи беш аз 20 дарсад ба фурӯш гузорад. Тарҳи чунин муқаррарот таҳия ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар он бахшҳои иқтисод, ки рақобати солим вуҷуд дорад, фаъолияти корхонаҳоро дар шароити бозор давлат танзим намекунад. Бо вуҷуди он ки ин муқаррарот то ҷое хилофи рақобати солим аст, вале дар шароити феълӣ барои коҳиши нархҳо ин тасмим зарур аст, мегӯянд таҳлилгарон. Ба андешаи онҳо бояд барои маҳсулоти ниёзи аввал чунин мизони арзиши изофие интихоб шавад, ки тоҷирон ҳангоми фурӯши онҳо зарар набинанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон нархҳо дар ҳамон ҳолат муътадил хоҳад шуд, ки
истеҳсоли маҳсулот ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад. Агар маҳсулот зиёд шавад, нархи он ҳам пойин меояд. Дар ин сурат вазорати кишоварзӣ бо дарназардошти ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ сохтани маҳсулоти ниёзи аввал кишти маҳсулоти навъҳои серистеъмолро аз рӯи нақшаи дурнамо ва ба ҳисобгирии дақиқ ба роҳ монад. Чун ҳамасола дурнамои кишти заминҳои кишоварзиро ба нақша мегирад ва агар бо фишангҳои махсус ин дурнамои ба талаботи аҳолӣ мувофиқро амалӣ гардонад, то андозае нархҳо муътадил мешавад. Вале дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мовини вазири кишоварзӣ, Юсуф Султонноёбов ин ниҳод аз ягон навъи фишангҳо дар баробари кишоварзон истифода намекардааст. Ба гуфтаи ӯ вазорати кишоварзӣ аз фаъолияти назоратӣ ба машваратӣ гузашта истодааст ва танҳо тавсия медиҳад, ки дар соли оянда ин ё он навъи маҳсулот бештар кишт карда шавад, ба манфиати кор аст ва боқимонда худи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон ихтиёр доранд, ки чӣ кишт кунанд.
Аз Ваҳдат то Душанбе фарқ 3 баробар!
Бо ин вуҷуд ҳама сола вазорати кишоварзӣ дурнамои майдони кишти пахта, гандум, картошка ва як қатор маҳсулотро майян карда, дар охири сол аз натиҷаи он ҳисобот медиҳад. Вале ба қавли мовини вазири кишоварзӣ истифодаи фишанг алайҳи деҳқонон мухолифи иқтисоди бозор будааст ва онҳо аз ин усул кор намегирифтаанд. Аммо дар мавриди ин ки сабаби болоравии нархҳо асосан ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ набудани истеҳсоли маҳсулот мебошад, назари масъулини ин ниҳод то андозае дигар аст. Онҳо мегӯянд, ки нархи маҳсулот дар гирду атрофи Душанбе ба маротиб арзон аст ва ин нишон медиҳад, ки маҳсулот кам нест. Масалан,
дар ноҳияи Ваҳдат килои помидор 1 сомонӣ аст, аммо дар Душанбе 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин вобаста аст аз танзими нарху наво, ки вазифаи дигар ниҳод аст, на вазифаи мо, мегӯяд Юсуф Султоноёбов. Ба гуфтаи ӯ вазорати кишоварзӣ ба истеҳсоли маҳсулот сару кор дорад, на ба танзими нарх. Дуруст аст, ки вазорати кишоварзӣ ба танзими нарх сару кор надорад, вале агар норасоии маҳсулот вуҷуд дошта бошад, номӯътадилии нарху наво низ мушоҳида мешавад, ки ин ҷо аллакай масъалаи истеҳсоли маҳсулот нақши муҳим мебозад ва ин яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод ба шумор меравад.
Аз болоравии нарху наво дар ҳоле гуфта мешавад, ки дар пеш моҳи Рамазон аст ва агар пешгирӣ нашавад, эҳтимоли боз ҳам болоравии нарху наво вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол масъулини Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ваъда медиҳанд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро то 10 дарсад пойин хоҳанд бурд. Ба қавли Сироҷиддин Валиев, раиси ин ташкилот барои танзими нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо беш аз ҳазор сар чорво харида шуда, маҳсулоти гӯштӣ ба сокинони пойтахт ба нархи арзонтар пешниҳод мешавад.
Ахиран, раиси «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, Амонуллоҳи Ҳук
уматулло низ эълом дошт, ки дар моҳи Рамазон ба хотири таъсир расонидан ба болоравии нархҳо аз ҷониби ин корхона ярмаркаи молу маҳсулоти арзон ташкил хоҳад шуд, ки нархи гӯшт на бештар аз 20 сомонӣ ва нархи меваҷот аз бозорҳои пойтахт 50 дар сад арзон ба фурӯш гузошта мешавад. Аммо вақт нишон хоҳад дод, ки ин тасмимҳо то куҷо амалӣ мешаванд ва масълини «Тоҷикматлбот»-у «Роҳи оҳан» то куҷо ба болоравии нархҳо таъсир мегузоранд.
Исфандиёр Халилӣ {jathumbnail off}