28 соли зиндон барои дастдарозӣ ба духтари 10-сола
Додгоҳи шаҳри Чкалови вилояти Суғд Далер Ашӯрови бистоларо, ки дар дуздии духтари даҳсола ва дастдарозӣ ба ӯ айбдор мешавад, ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст.
“Авесто” бо такя ба манобеи худ мегӯяд, дуздии духтари даҳсола моҳи марти соли ҷорӣ дар Чкалов иттифоқ уфтода, бо вокунишҳои шадиди сокинон рӯбарӯ омада буд. Парвиз Назаров, муфаттиши калони Додситонии шаҳри Чкалов, ба “Авесто” гуфтааст, нисбат ба Далер Ашӯров, ки ҳамагӣ бист сол дорад, моҳи март парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои марбут ба “одамрабоӣ”, “таҳдид ба марг”, “таҷовуз ба номус”, “дуздӣ” ва “авбошӣ” боз карда буданд. Вай гуфтааст, ин ҷавон моҳи март бо роҳи фиреб духтари даҳсолаеро, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ба манзилаш мебарад. “Ашӯров дар тӯли се рӯз ин духтари наврасро дар ҳоҷатхона, бе обу ғизо гузошта, ба ӯ дастдарозӣ кардааст. Вай баъдан аз сӯи маъмурони пулиси Чкалов боздошт шуд”,-афзудааст Назаров.
Манбаъ дар идома мегӯяд, Далер Ашӯров дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ куллия иттиҳомотро бар дӯш гирифта, ба гуноҳҳояш иқрор кардааст. Соли гузашта Додгоҳи вилояти Хатлон низ як омӯзгори мактаби миёна дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои амалҳои шаҳвонӣ ва бадахлоқонааш нисбат аб духтарони ноболиғ 25 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Додгоҳ гуфт, ин омӯзгори 32-сола тайи як соли охир нисбат ба шаш духтари ноболиғ, ки дар синфи дуюм мехонданд, амалҳои шаҳвонӣ ва бадахлоқонаро раво дидааст.