Пешниҳод: Таппаку шири гов ҳам Ид дошта бошанд
Абдулазизи ВОСЕЪ
Тоҷикистон ватани идҳост. Ҷиддӣ мегӯям. Дар ватани мо ид ҳамеша болои ид аст. Худо хоста бошад, ба наздикӣ шумораи онҳо боз якто зиёд мешавад: Иди картошка.
Яке аз муовинони раиси вилояти Суғд гуфтааст, онҳо дар фикри ташкили Иди картошка мешаванд. Ба қавли Аҳмадҷон Қобилов, чунин пешниҳод ба онҳо ироа шудааст ва онро баррасӣ намудаву сипас хулосаи худро хоҳанд гуфт: “Бо супориши ҳукумат охири моҳи оянда иди харбуза, асал ва кадуро мегузаронем, лекин иди картошкаро ягон бор нагузаронидаем. Як маслиҳат мекунем, кори мешудагӣ аст”. Ӯ ҳатто вақти ҷашнгирии иди картошкаро низ тахминан баён кард: “Ташкил кардан мумкин аст. Дар пеш Ҷашни сада аст. Дар ҳамон вақт картошка қариб, ки мепазад. Омӯхта бароем, шароит шавад, мегузаронем”.
Иди харбузаву асалу каду ва картошка ҳам хубанд, аммо ба назари ин ҷониб ба идҳои дигаре ҳам аз қабили Иди таппак, Иди бодиринг, Иди себи хубонӣ, Иди олуча, Иди шири гови зотӣ, Иди қаламфур, Иди гандум ва ғайраҳо низ сахт ниёз дорем. Бо чанд далел зарурати таъсиси чанде аз ин идҳоро баён мекунем ва умедворем, пешниҳоди мо мадди назари масъулин қарор хоҳад гирифт.
Таппак: Он месӯзад, мо гарм мешавем
Таппак барои бештар аз ними аҳолии кишвар, ки дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар чор фасли сол манбаи гармӣ ва пухту паз аст. Махсусан ҳамасола дар ним соли бебарқӣ он мисли оксиген ба мардум зарур меояд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ва қавоиди ҳамаи идҳо барои Иди таппак ҳам таъсис додани намоишгоҳ ё «виставка»-и боҳашамате дар маркази пойтахт айни муддаост. Аз ин пештар бояд дар марказҳои шаҳру навоҳӣ чунин намоишгоҳҳо гузаронда шуда, гулчини таппакҳо интихобу ба марказ оварда шаванд. Мошин-мошин, трактор-трактор таппакҳои навъи аълоро аз тамоми гӯшаву канори кишвари азиз дар ин намоишгоҳ ба маъраз бояд гузошт. Таппаккунҳои беҳтарин ба мардум муаррифӣ шуда, аз сирри таппак ба ҳозирин маълумот диҳанд (зимнан дар боғҳои фароғатӣ гузарондани мусобиқаҳои таппаксозӣ низ ба манфиат хоҳад буд).
Чанд намуна аз таппакҳои беҳтарин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карда шавад. Аз ин Ид бояд хеле бошукуҳ ҷашн гирифт: бо шиору овезаҳо. Ба хотири муассиртар шудани ид пешниҳод мекунем, намоишгоҳ зери номи «Таппак: Ӯ месузад, мо гарм мешавем» гузаронда шавад. Зимнан, мутахассисон муваззаф шаванд, барои афзоиши таппак роҳҳои зиёд кардани ахлоти говро биҷӯянд.
Бодиринг беҳтарин сарфакунандаи пул
Бодиринг сабзавоти хуб аст. Хушхӯр. Бо он дилхоҳ хӯрок бомазза мегузарад. Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам он ба оилаҳо манфиатовар мебошад. Онро метавон ба унвони ҳосили дуюм дар киштзорҳо парварид. Вақте истеҳсоли он зиёд шуд, табиист нархаш ҳам арзон мешавад. Табибон мегӯянд, он ба саломатӣ фоидаовар аст. Бодиринг пули шуморо сарфа мекунад. Бодирингро агар ҳар қадар зиёд ҳам истеъмол кунед ба дилатон намезанад, махсусан агар бо намак бихӯред. Аз ин рӯ имкон доред, ки равғану картошкаву нахуд, макарону ба монанди инҳоро нахарида, танҳо бодиринг истеъмол намоед. Тасаввур мекунед, дар як моҳи бодирингхӯриятон чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
Рӯзи таҷлил аз Иди бодирингро метавон аз миёнаҳои моҳи июну июл ҷустуҷӯ кард. Маҳз ҳамин ду моҳи тобистон бозори бодиринг гарм мешавад.
“Молоко, шир-да биё”-бренди сол
Шояд мепурсед, ки Иди шири гов ба чӣ меояд?
Ин қадар содда нашавед. Ҳамаи мову шумо маҳз бо шири гов бузург шудаем. Бетафовутӣ нисбат ба он баробар ба ношукрӣ аз замони истиқлол аст. Таъсири ҳамин каллорияҳои шири гов аст, ки имрӯз дар сармои зимистону гармои тобистон тоқат мекунем. Гузашта аз ин мегӯянд, маззаи шири гови тоҷикӣ дар ҳеч гӯшаи дунё нест. Як дӯстам, ки масъулияти подабонии як фермаро дар кадом як рустои Русия дорад, ҳамеша шикоят мекунад, ки “шири говҳои инҳо маззае надорад. Садқаи шири гови худамон шавам”.
Шир нишони покӣ ва сафедӣ аст. Чизест, ки як фарёди «молоко шир-да биё» садҳо нафарро аз хоб бедор мекунад. Воқеан, пешниҳоди камина ин аст, ки ҳамин ҷумлаи “молоко шир-да биё”, ки солҳост нақши ҷеғи хуруси саҳарӣ дар шаҳрҳоро мебозад, “бренд”-и Иди шири гов эълон шавад. Дар доираи ҳафтаи “Иди шири гов” дар саросари кишвар маъракаҳои эҳтироми шири гов гузаронда шавад. Мисли солҳои Шӯравӣ ҳармоҳа говдушҳои беҳтарин муайян шаванд.
Ширчойпазҳои беҳтаринро аз гушаву канори ҷумҳурӣ кашф намуда, ба онҳо мукофотҳои сатҳи давлатӣ бояд дод. ТВ-ҳо вазифадор шаванд, ки аз хусусиятҳои шири гов пайваста барнома таҳия созанд. Таъини рӯзи эълони Иди шири гов беҳтар аст, бар дӯши мутахассисин вогузор шавад.
Ба ҳамин монанд, бояд мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар мавриди хусусиятҳои беҳтарини қаламфуру гандум, олучаву қулфинай, тарбуз ва ғайраҳо маълумотҳо гирд оварда ва ба зарурати таъсиси идҳояшон таъкид намоянд.
Ин ҳама Идҳо чанд хубӣ доранд. Аввалан, вақте идҳо зиёд шуданд метавон фикри мардум ҳамеша ба чизе машғул дошт. Дигар, онҳо фурсати андешидан сари вазъи зиндагии худ ва фазои сиёсиро пайдо намекунанд. Саввум, мардуми соҳибҷоизаву соҳибмедал зиёд мегардад. Чаҳорум, мағзҳо дар гардиш медароянду рӯз аз рӯз ҷашнҳои нав ба нав пешниҳоду таҷлил мешаванд. Ва ниҳоят ТВ-ҳои кишварро ғами эфирпуркунӣ азият намедиҳад. Пас, зинда бод Идҳо!