Арзи миллии корношоям ба 230,4 миллион сомонӣ баробар аст
Тайи шаш моҳи соли равон ба муомилот 418,9 миллион сомонӣ бароварда шуда, 230,4 миллион сомонӣ пулҳои қоғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.
Тибқи иттилои масъулини Бонки миллӣ, ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 2,6 миллард сомонӣ ва тангаҳои филизӣ мебошанд. Муовини аввали райиси ин бонк Ҷамшеди Юсуфиён мегӯяд, вобаста ба эътидол омадани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишвар ва афзоиши фишорҳои таваррумӣ дар давраи ҳисоботӣ сиёсати қатъии пулию қарзӣ мавриди амал қарор гирифта, меъёри бозтамвил аз 8,25 фоиз то 9,0 фоизи солона зиёд карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 7,0 ва барои асъори хориҷӣ 9,0 фоиз, яъне бетаъғир нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки нишондиҳанддаи барномавӣ ба шумор меравад, ба санаи 30 июни соли ҷорӣ, 3 милларду 139,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 5, 0 фоиз ва назар ба ҳамин санаи соли гузашта 38,1 фоиз (866,4 миллион сомонӣ) зиёд мебошад,-афзуд Юсфиён.{jathumbnail off}