Тавофуқоти Путину Раҳмон дар бораи пойгоҳ ва 200 млн $
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди мулоқотҳояш бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имрӯз, 1-уми август, дар ҳузури хабарнигорон изҳор доштааст, ки созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум баъди таътили тобистонаи парлумони Тоҷикистон, тирамоҳи соли равон ба тасвиб хоҳад расид.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар навбати худ ба низомиёни кишвараш дастур додааст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ҳамаи таҳдидҳо ба Тоҷикистон омӯхта шаванд ва ба қувваҳои мусаллаҳи тоҷик барои истодагарӣ дар баробари ин таҳдидҳо кӯмак ироа гардад. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия баъди гуфтушуниди Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “супориши президенти Русия қотеъона аст. Ҳамаи таҳдидҳо баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО омӯхта ва баҳогузорӣ шаванду ба шарикони тоҷикамон барои бартараф сохтани онҳо кӯмак карда шавад."
Шойгу афзудааст, ки қарор шуд, Русия барои таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон то соли 2025, 200 миллион доллари амрикоиро равона кунад, ки дар се марҳила ироа хоҳанд шуд. Вазири мудофиаи Русия илова намудааст, ки ин маблағ бо назардошти натиҷаи омӯзиши таҳдидҳо аз Афғонистон метавонад, тағйир ёбад. Шойгу изҳори умед кардааст, ки барои пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ягон таҳдиде пайдо нахоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъкид кардааст, ки ҳамроҳ бо Владимир Путин ҷонибдорияшонро аз бунёди 4 нерӯгоҳи миёнаиқтидор дар Тоҷикистон баён доштаанд. Инчунин президенти Тоҷикистон аз кори Газпром дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштааст, ки ба фаъолияти ин ширкат умед доранд. Владимир Путин дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтааст, “ин яке аз сабабҳои асосии мулоқоти имрӯза аст ва ин ҳамкориҳо бояд густариш ёбанд. Путин таъкид кардааст, ширкатҳои мобилии Русия “Мегафон” ва “Билайн” ба Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардаанд ва айни ҳол алоқаи насли чорумро дар кишвар пешниҳод мекунанд. Ба иттилои Путин “Газпром” 40 дарсади маҳсулоти нафтии бозори Тоҷикистонро таъмин мекунад ва инчунин ба корҳои иктишофию геологӣ дар Тоҷикистон машғул аст ва танҳо соли равон бо ин мақсад 15 миллион доллари амрикоӣ равона хоҳад шуд.
Дар мавриди муҳоҷират Путин зикр кардааст, ки иқтисодиёти Тоҷикистон аз маблағи муҳоҷиронаш дар Русия вобастагии зич дорад: "Бо назардошти ин, мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳалли фаврии мушкилиҳо дар бахши муҳоҷират тасмим гирифтем."