Сайти ҳизби Раҳматулло Зоиров фаъол шуд
Торнамо ё сайти расмии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли ҷорӣ фаъолияташро оғоз мекунад.
Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, ин торнамо бо ду забон -- тоҷикӣ ва русӣ матолиберо пешкаши хонандагон мекунад. Оқои Зоиров мегӯяд, ин сомонаи онҳо ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, яъне интихобкунанда, ки дар дохили кишвар ё дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, ба шумор хоҳад рафт.
Пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон гуфтааст, дар ин сомона инчунин матолибе бо забонҳои англисию узбакӣ ва хатти форсию забонҳои дигари зарурӣ ба табъ хоҳанд расид. Ҳоло ин сомона комил нашудааст ва баъзе аз бахшҳояш матлаб надоранд. Раҳматулло Зоиров мегӯяд, базудӣ торнамои онҳо аз маълумот дар бораи ҳизб, барнома, акс ва ҳамчунин хабарҳои марбут ба интихоботу демократия ва ҳизбҳои сиёсӣ пур хоҳад шуд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад. Ин ҳизб дар анҷумани дувоздаҳуми худ дар соли 2011 номашро ба “Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ” тағйир дод, вале дар пайи огоҳии Вазорати адлия дар моҳи майи соли ҷорӣ дубора ба номи пешинааш -- “Ҳизби сотсиал- демократ” бозгашт.
Раиси ҲСДТ гуфтааст, дар ин сомона инчунин матолибе бо забонҳои англисию узбакӣ ва хатти форсию забонҳои дигари зарурӣ ба табъ хоҳанд расид.