Оғози сабқати довталабон барои 36 ҳазор курсии донишҷӯӣ
Имрӯз, 1-уми август, имтиҳонҳои қабул, ё худ сабқати довталабон барои 36 ҳазор курсии донишҷӯӣ дар муассисоти олии таълимии Тоҷикистон оғоз гардид.
Тавре Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, тибқи дастури Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон имсол дар асоси нақшаи қабул 36 ҳазору 766 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб хоҳанд шуд, ки аз ин шумора 12 ҳазору 686 нафар ба гуруҳҳои буҷавӣ ва 24 ҳазору 800 нафар ба гуруҳҳои шартномавӣ шомиланд. Ба иттилои манбаъ имсол барои минтақаҳои дурдасти кишвар ба 1 ҳазору 222 нафар квотаи президентӣ дода шуда буд ва баътар 201 квотаи дигар илова карда шудааст.
Шоев афзуд, ки сар аз имрӯз, 1-уми август имтиҳоноти қабули довталабон, ки ба гуруҳҳои буҷавӣ ҳуҷҷат супоридаанд, оғоз гардид. Ба гуфтаи ӯ қабули ҳуҷҷатҳо ба гуруҳҳои шартномавӣ то 10-уми моҳи август идома хоҳад кард.
Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон имсол 111 ҳазор хонанда мактабҳои миёнаро хатм карданд, ки 41 ҳазорашон духтар ва боқимонда писаронанд.