Парванда алайҳи “Тадимпес” барои фиреби 244 тоҷик
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ширкати “Тадмимпес”, ки монанди «Замони юнус» ва «Тоҷикавиатур” ба фиреби муҳоҷирон машғул будааст, хабар дод.
Анвар Носиров, сардори раёсати иҷозатномадиҳии хадамоти мазкур, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, қонунвайронкунии «Тадимпес» дар шашмоҳаи соли равон ошкор шудааст: "Ин ширкат аз 244 шаҳрванди Тоҷикистон, аз 30 нафар 800 долларӣ ва аз боқимонада 1000 долларӣ гирифта, ваъда медиҳад, барои кор ба Норвегия роҳӣ мекунад, аммо амалӣ намесозад. Роҳбари ин ширкат шаҳрванди Тоҷикистон Ким Артиён мебошад, ки аз рӯи амали ӯ Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноӣ кушодааст ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе низ кор бурда истодааст. Ҳоло ӯ хонаашро дар бонк мондааст ва 30 нафарро маблағашонро баргардонидааст».
Ин мусоҳибамон афзуд, ки қаблан ширкати «Замони юнус» барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба Арабистони Саудӣ ваъдахилофӣ намуда, баъди гирифтани як миқдор маблағи муҳоҷирон онҳоро ба он кишвар намебурд: «Ин ширкат як маркази омодасозии муҳоҷиронро дошт ва зиёда аз 3,5 ҳазор нафарро дар ин марказ таълим дода, омода карда буданд. Баъдан як нафар роҳбари Палатаи савдо ва ба кор таъминкунии Арабистони Саудӣ омада, гуфта буд, ки ба нафарони дар ин марказ таълимгирифта як ҳафта пас виза мефиристад, лекин як миқдор пулро гирифта рафту дигар барнагашт».
Гуфта мешавад, Насрулло Замонов, роҳбари ширкати «Замон юнус» барои ҷой доштани чунин қонуншиканиҳо дар фаъолияти ширкаташ ба муҳлати тақрибан 10 сол ба маҳкама кашида шуд. Сардори раёсати иҷозатномадиҳӣ мегӯяд, «Тоҷикавиатур» як қисми мардуми мора ба вилояти Иркутски Русия бурда, ба кор таъмин мекунам гуфта, лекин боз ҳам фиреб кард: “Аз болои ин ширкат низ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда буд, лекин ҳоло намедонам, тақдираш чи шуд.”
Масъулини Хадамоти муҳоҷират иброз медоранд, ки ширкатҳое, ки барои интиқол ва таъмини кор барои муҳоҷирон фаъолият доранд, 34 ададро ташкил медиҳад.