Тоҷиккино: Аз куҷо пайдо шудани “Васиятномаи модар” ба Додоҷонро месанҷем
Корхонаи воҳиди давлатии кино ва авдиовизуалии вилояти Хатлон аз куҷо пайдо шудани фиттаи “Васиятномаи модар” дар бозорҳои Қӯрғонтеппа изҳори бехабарӣ намуд.
Дар ин фитта, ки аз ҷониби гуруҳи номаълум субҳи 31-уми август дар бозорҳои маркази Хатлон тақсим шудааст, як зане аз қавли модари 83-солаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор”, аз ӯ даъват мекунад, ки ба барномаҳои телевизионияш тавассути шабакаи “К+” хотима бахшаду аз интиқоди ҳукумати феълии Тоҷикистон даст кашад.
Лек Лутфия Роибова, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии кино ва авдиовизуалии вилояти Хатлон, ки интишори ҳамагуна дискҳоро зери назорат дорад, аз ба бозор баровардани ин навор изҳори ноогоҳӣ намуд ва қавл дод, қазияро санҷида, натиҷаашро хабар медиҳад.
Карим, як нафар дискфурӯш аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ба ӯ аз ин диск субҳи 31-уми август 70 дона додаанд ва 10 донаашро давоми рӯз бо мушкилӣ фурӯхтааст: “Азбаски давомнокии ин навор бисёр кам асту харидорон барои чунин видеои кӯтоҳ пул сарф кардан намехоҳанд, фурӯхтанаш душвор аст, назар ба филмҳои туркӣ . Бинобар ин, маҷбурем, дар пеши харидорон аз будаш зиёд таъриф кунем, то харанд. Аммо дар асл, ман тамошояш кардам, камбудӣ дорад ин навор. Ба фикри ман, агар дар ин диск аз “К+” баромадҳои Додоҷонро порча-порча нишон медоданд ва зидди гапҳояш далел меоварданд, ин навор бисёр пурмазмун мешуд. Он зане, ки ҳозир дар ин диск гап мезанад, дар назар “подделка” метобад.”
Ин видеои 27 дақиқаӣ дар Интернет, рӯзи 24-уми июл, ҳафтае баъд аз он, ки намояндагони мақомот назди модари Додоҷон рафта, аз ӯ хостаанд, фарзандашро ба Ватан хонад, нашр гардид. Аммо дар навор ягон ҷумлае, ки бевосита худи модари Додоҷон гуфта бошад, мавҷуд надорад. Дар ин навор, гарчанде таҳиягарони фитта студияи "Сафо" ва маркази фарҳангии "Нур" нишон дода шудааст, ҳолдонҳо мегӯянд, дастандаркорони аслии ин кор мақомоти тоҷиканд, ки бо ин роҳ алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ маъракаи иттилоотӣ роҳандозӣ кардаанд.
Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, дар пайи даргириҳои дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда ва дар хориҷа ба сар мебарад. Ҳоло ӯ дар телевизиони “К+” барномаҳоеро дар бораи мақомдорони тоҷик ва вазъи сиёсии Тоҷикистон пахш мекунад. Навори тӯйи писари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ тавассути ин журналисти тоҷик дар “К+” пахш ва боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеаи тоҷик гардидааст.