Вазорати адлия мухолифи қабули қонуни муҳоҷират
Анвар Бобоев, муовини якуми раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, қонун дар бораи муҳоҷирон, ки барои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст, то охири соли 2013 ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Бобоев, имрӯз, 1-уми август, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, қонуни мазкурро як гуруҳи кории махсус бо иштироки намояндагони 9 вазорату кумитаи Тоҷикистон, аз соли 2010 инҷониб таҳия дорад, аммо вазорати адлия бори чандум аст, ки мухолифи он мебарояд. Ба гуфтаи Бобоев Вазорати адлия иддао дорад, ки сохтори қонун нодуруст аст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муовини якуми раиси Хадамоти муҳоҷират қонуни таҳиякардаашон барои муҳоҷирон сабукиҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст: “Дар доираи он аз ҷумла ташкили Фонди махсуси кӯмак ба муҳоҷирон дар ҳолатҳои зарурӣ дар назар аст. Масалан дар ҳолатҳои беморӣ ё фавти муҳоҷирон ҷудо намудани пул аз ин фонд дар назар аст.”
Анвар Бобоев таъкид намуд, ки дар масъалаи маблағгузории Фонд гуфтугузорҳо зиёданд: “Баъзеҳо мегӯянд, аз ҳисоби худи муҳоҷирон бошад. Аммо мо талош мекунем, ки дар марҳилаи аввал маблағгузории Фонд аз ҳисоби буҷаи давлат сурат гирад.”
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия наздики ду миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва аз нигоҳи ҳуқуқию иҷтимоӣ дар ин кишвар осебпазир арзёбӣ мешаванд.