Валиҷон Азизов: “Худо бо туст, эй танҳо, Худо бо туст!”
Клипи таронаи “Худо бо туст”-и Валиҷон Азизов ба яке аз видеоҳои сербинанда дар Интернет табдил мешавад. Ахиран, ин видео дар дискфурӯшиҳо низ ба савдо баромадааст.
“Худо бо туст” яке аз таронаҳои тавлиди соли 2013 аст. Он яке аз сурудҳои муваффақи Валиҷон гуфта мешавад. Клипи он ба тозагӣ муаррифӣ шуд ва дар як фурсати кӯтоҳ дар феҳрасти сербинандаҳои интернет қарор гирифт.
Шореҳони мусиқӣ мегӯянд, клип дар сатҳи ҳирфаӣ таҳия ва наворбардорӣ шудааст. Матни тарона ба қалами Камол Насрулло, шоири тоҷик, тааллуқ дошта, онро Даврони Раҳматзод ба риштаи оҳанг кашидааст.
Валиҷон Азизов карйераи овозхониро соли 2003 аз дуэти «Эҳсон» шурӯъ кард. Аз соли 2006 ба ин сӯ ба танҳоӣ дар уқёнуси шоу бизнес шиноварӣ мекунад ва дар ин муддат панҷ албоми таронаҳояшро вориди бозор кардааст.
«Гулбону», «Салавот», «Адибаҷон», «Ман ошиқи ту ҳастам», «Азизам» аз таронаҳои маъруфи Валиҷонанд. Валиҷон Азизов ба ҷуз Ғолибҷон Юсупов (гуруҳи Эҳсон) бо Ҷонибек Муродов («Нигор»), Шаҳзоди Даврон (Ҳамватан) ва Садриддини Наҷмиддин (Эй дӯст) дуэт хондааст.