Мухтор Аблязов, мухолифи аршади Назарбоев, боздошт шуд
Мухтор Аблязов, бонкдор ва мухолифи аршади Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Фаронса боздошт шуд.
“Financial Times” аз қавли вакили мудофеи Аблязов, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, навишта, ки мухолифи қазоқ рӯзи 31-уми июл дар ҷануби Фаронса аз тарафи мақомоти пулиси ин кишвар боздошт гардид.
Ба гуфтаи вакили мудофеаш, барои истирдоди Аблязов бештар мақомти рус талош доранд, ки ӯ дар он кишвар ба сурати ғиёбӣ маҳкум ба тақаллубкорӣ ва ғайриқонунӣ баровардани маблағҳои БТА банк ба хориҷ аз кишвараш мебошад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти пулиси Фаронса ба хабарнигорон гуфтаанд, Аблязов бо дархости Украина боздошт шудааст.
Авохири моҳи майи соли ҷорӣ, Алма Шалабаева, завҷаи раҳбари собиқи БТА-Бонк ва духтари шашсолааш дар пайи рейди шабонаи пулис дар атрофи Рим, аз дохили виллаи ӯ боздошт шуданд. Баъдан, онҳоро дар тайёраи шахсӣ нишонда, бо роҳбаладии дипломатҳои қазоқ ба Қазоқистон мунтақил карданд. Сафири Қазоқистон ба Вазорати умури хориҷии Италия даъват шуд ва аз ӯ шарҳи ин масъаларо талаб карданд.
Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад.