Кабирӣ дар фикри ҷамъоварии имзоҳо барои номзадӣ ба президент
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми июл, бо ирсоли номае ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, хостааст, ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо барои пешбарии номзад дар интихоботи президентӣ рӯшанӣ андохта шавад.
Раиси ҲНИТ аз ин комиссия хостааст, ки масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷ аз Тоҷикистонро шарҳ диҳад: “Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шаҳрвандони ҶТ тарафдорӣ карда шавад. Таври маълум, имрӯзҳо беш аз ду миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кору фаъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд.”
Бо зикри ин Кабирӣ аз КМИР хоҳиш намудааст, ки то масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷ аз Тоҷикистон ва чӣ мақоме салоҳияти тасдиқи бланкаҳои имзоҳоро дорад, тавзеҳ диҳад.
Баробари ин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, “роҳбарияти КМИР то эълони интихобот мулоқотеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир намоянд ва дар он масоили вобаста ба мушкилоту монеъагузориҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид намудани аъзои аҳзоб ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот, ки қонуни мазкур манъ накардааст ва соир масоил, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.”