Масҷид барои депутатҳои намозхон ба фаъолият шурӯъ кард
Дар бинои порлумони Қирғистон масҷиди мусулмони ба фаъолият шурўъ кард.
Дар маросими ифтитоҳи ин ибодатгоҳ раиси порлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков, муфтии Қирғизистон Чубак -ҳоҷӣ Ҷалилов ва вакилони мардумии Чогорку Кенеш-порлумони Қирғизистон иштирок доштанд. Муфтии Қирғизистон Чубак- ҳоҷӣ Ҷалилов изҳор кардааст, тасмими садорати порлумон дар хусуси боз намудани масҷид аз муносиботи ҳасанаи ҳукумати феълии Қирғизистон дар қиболи диндорон мебошад.
Ҷаноби Келдибеков бошад, гуфтааст, эҳтиром ба эътиқоди мардум яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳукумати вақти Қирғизистон буда, ҳамчунин порлумони ин кишвар дархости гаравандагони масеҳият аз ҳисоби кормандони порлумонро дар хусуси ифтитоҳи ибодагоҳи масеҳӣ низ дастрсрас кардаанд. Раиси порлумон ваъда кардааст, ки эҳтироми масеҳиёнро низ ба ҷо хоҳад овард ва ибодатгоҳе барояшон омода хоҳад шуд. Аз ҷониби вакилони порлумон ба хазинаи масҷид тўҳфаву лавозимоти ибодот тақдим карда шуд. Маросими расмии боз шудани масҷид бо гузоштани намози ҷамоат бо ширкати муфтӣ ва раиси порлумони Қирғизистон анчом пазируфт.{jathumbnail off}