Тоҷикон бозии Афғонистон бо Покистонро доварӣ мекунанд
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, бозии дӯстонаи Афғонистону Покистонро намояндагони тоҷик доварӣ хоҳанд кард.
Ин бозӣ рӯзи 20-уми августи соли равон дар шаҳри Кобул баргузор мегардад, ки Федератсияи футболи Афғонистон барои гузарондани он доварони тоҷикро даъват кардааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин бозӣ Равшан Эшматов (Қурғонтеппа) ва ёваронаш Баҳром Саъдуллоев (Қурғонтеппа), Сайёд Зайниддинов (Душанбе) ва Умедҷон Раҳимов (Қурғонтеппа), ки доварони ФИФА маҳсуб мешаванд ба Кобул хоҳад фиристод.
Равшан Эшматов, ки қарор аст довари асосии ин бозӣ шавад ҳамагӣ 41-сол дошта, аз соли 2006 мақоми довари байналмилалиро касб кардааст.